Закот дар миёни панҷ рукни бинои Ислом яке аз се рукни муҳимтарини он ба шумор меравад, ки мавҷудият ва бақои имон ва исломи банда ба онҳо вобастагӣ дорад. Агар яке аз ин се рукн халалдор гардад ва ё аз байн биравад, имон ва исломи банда низ ба ҳамон андоза осеб мебинад ва ё комилан аз байн меравад. Калимаи шаҳодат ба манзалаи дарвозаест, ки инсон бо гуфтани он вориди бинои Ислом мегардад. Табиъист, ки бе таҳаққуқ ва мавҷудияти он, яъне бе шаҳодат додан ба ягонагии Парвардигор ва ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ гуна имоне барои банда ҳосил намешавад.
Author: Абдушшариф Боқизода
Китоби "Тарбияти фарзандон" дар мавзуи тарбияти фарзанд муфид ва баёнкунандаи ҳуқуқи фарзанд ва падару модар насбати фарзанд мебошад, ва муаллиф дар таълифи китобаш аз оятҳои Қурони ва ҳадисҳои Набави истифода бурдааст.
Reveiwers: Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
Publisher: http://www.firdavsi.com
Миллатҳо ва мардуми дунё дар ҳар давру замон барои худ шахсиятҳо ва муқаддасоте доранд, ки чун рамзҳо ва нишонаҳои хотиравӣ азизашон медоранд ва барояшон эҳтиром қоиланд. Мо мусалмонҳо низ барои худамон ҳамин гуна муқаддасот ва арзишҳо дорем ва он ҳам бошад эҳтирому пайравӣ аз дастуроти дин ва Қуръону Паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мебошад, ки ўро Худованд бароямон пешво ва роҳбар гардонидааст, зеро ў маъсум аст, яъне гуноҳонаш омурзида шудаанд... . Худоро шукру сипос мегўям, ки маро муваффақ ба гирдоварии ин маҷмўъаи бебаҳо, ки он ҳам бошад «Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)» мебошад, гардонид. Дар ин китоби хоксорона қиссаҳои пурҳикмат ва боарзиши ў (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро бо зикри санадҳои дақиқ гирдоварӣ намудаам, то мақому манзалати он Ҳазрат (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) дар партави оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ, барои шумо хонандаи азиз маълум гардад.
Author: Муҳаммадиқболи Садриддин
Ин китоб номаи пурмасъулиятест аз самими қалби пурмуҳаббати муаллиф барои тамоми занҳо, хусусан модарон ва хоҳарони мусулмон. Ин китоб номаи пурмўҳтавоест, ки ақл онро пазируфта ва шариати исломӣ онро роҳнамоӣ кардааст. Бешак, ин нома ҳар як зани мўъмин ва фозилро ба оғоз намудани зиндагии беҳтару босаодат фаро мехонад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки пур аз орзуву ҳавасҳои нек асту осудахотирию оромиро кафолат медиҳад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки саросар қаноату яқин, виқору ҳаё, ифтихору комёбӣ, муҳаббату улфат ва унсгирӣ бо зикру ёди Худои меҳрубон мебошад.
Author: Оиз ибни Абдуллоҳ Ал-Қарни
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин
Дар ин китоб беҳтарин намунаҳо аз лаҳзаҳои ҳаёти босаъодати ин марди наҷиб Абубакри Сиддиқ (Худованд аз У рози бод) бо ҳамроҳии Паёмбари Худо ва дигар саҳобагони киром аз ахлоқи накўву писандида, садоқату вафодори, дўстию рафоқат ва олитарин нишонаи меҳру садоқат, исор ва аз худгузари дар баробари дўст, гирдовари гаштаанд.
Author: Муҳаммад Алминшови
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин
Дар ин китоб муаллиф дар бораи ҳаёт ва зиндаги ва чигуна ба ислом гаравидани ҳазрати Талҳа ва Зубайрро барои хонандагон баён мекунад, ва ин чунин баъзе фазилатҳо ва суханони Паёмбари ислом дар бораи ин ду саҳобии пешқадам ба ислом ва башорат додашуда ба ҷаннатро низ пешкаши хонандагон мекунад.
Translators: Муҳсин Рамазони